Оиди Ширкат Навид Маҳсулот ВАО дар бораи мо Алоқа

Навид (хабарҳои нав)


24.03.2017

Ташрифи Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба фабрикаи ЧДММ "Баракат Исфара"

Дар доираи сафари кори Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон ба вилояти Сугд, ба корхонаи коркарди меваи хушки мо ташриф оварданд. Дар коргох тамоми силсилаи коркарди мевачот ба рох монда шуда, махсулоти тайёр ба Федератсияи Руссия, Казокистон, Иттиходи Аврупо ва ИМА содирот карда мешавад.

Барои азнавсозии коргох ва ба танзим даровардани чараёни технологи зиёда аз 24 млн. сомони маблаггузори шуда, воситахои асосии технологи аз Руссия ва Туркия харидори карда шуд. Махсулот бо пурраги чавобгуи меъёрхои сифатии чахониро дорост. Дар коргохи ба истифода дода шуда, 70 нафар шахрвандон бо чои кори таъмин мешаванд, ки кисми зиёдашонро занхо ташкил медиханд.

Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон зарурияти коргохамонро ба ривочу равнаки вилояти Сугд кайд карда гуфтанд: «Имрузхо бо максади чавобгуй шудани махсулотхои истехсолшаванда ба меъёрхои сифат, бояд коргоххоеро созем, ки бо воситахои асосии замонави тачхизонида шудаанд». Гайр аз ин махсулоти истехсолшуда ва пешниходи дуруст, на танхо дар давлатхои ИДМ, балки дар Шарки Наздик ва Аврупо талаб карда мешаванд.

Дар ташрифи коргохамон Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон бо намудхои нави махсулотхо шинос шуданд.

Мухтасаран бо махсулоти нав дар сахифаи «Махсулот» шинос шудан мумкин аст.


 
05.08.2011

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара

Аз шаҳри Истаравшан Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ташриф овард. Боздиди навбатии Сарвари давлат аз корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия - Баракат, ки самти асосии фаъолияташ коркарду бастубандии меваи хушк мебошад, оғоз ёфт.
Тавре зикр гардид, корхонаи мазкур соли 2009 ба фаъолият шурўъ намуда, дар майдони зиёда аз 850 метри мураббаъ ҷойгир шудааст.
Корхона аз ду хатти технологӣ иборат аст, ки ҳар яке, вобаста ба таъмини ашёи хом, дар як соат метавонад аз 300 то 700 кг меваи хушкро дар бастаҳои гуногуни дилхоҳи мизоҷон бастубандӣ кунад. Ҳоло корхонаи «Баракат –Исфара» бо корхонаи қаннодии «Богородская» -и Русия шартномаи ҳамкорӣ имзо намуда, ният дорад, ки содироти ҳосили боғоти Тоҷикистонро, ҳамчунин ба кишварҳои Аврупо ба роҳ монад.
Соли 2010 корхонаи «Баракат –Исфара» 1 400 тонна меваи хушкро коркард ва содирот намудааст. Корхона бо иқтидори имрўзааш метавонад зиёда аз 1500 тонна меваи хушкро бо сифати баланди мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ коркарду бастабандӣ намояд. Чунонки зикр гардид, ин панҷумин корхонаи хурди коркарди меваи хушк дар шаҳри Исфара мебошад.
Роҳбарияти корхона як қатор нақшаҳои дигар низ доранд. Бунёди корхонаи коркарди меваи тару тоза ва истеҳсоли конфетҳои шоколадӣ аз нақшаҳои наздиктарини ояндаи онҳо мебошад.
Дар ин корхона зиёда аз 110 нафар коргарон ва мутахассисон соҳиби ҷойи кор шудаанд. Маоши миёнаи онҳо 350 сомонӣ аст. Роҳбарияти корхона бо ҳидояти Сарвари давлат ўҳдадор шуданд, ки ба истиқболи 20 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, маоши миёнаи коргаронро аз моҳи сентябри соли равон як баробар зиёд намуда, ба 700 сомонӣ расонанд.
Дар рафти вохўрӣ бо роҳбарият, фаъолон ва намояндагони сершумори аҳолии шаҳру деҳоти Исфара, сарвари давлат Э. Раҳмон бо шахсони масъули Ҷумҳурӣ, вилоят ва ва маҳалли бартараф намудани як қатор норасоию мушкилиҳо, супоришҳои мушаххас дод.

// аз рўи маводҳои сайти www.president.tj


 
25.12.2010

ҶДММ «Баракат –Исфара» - ҳомии чемпиони нави ҷаҳон!

14-18 декабри соли 2010 дар шаҳри Москва дар округи маъмурии Зеленоград Чемпионати дуюми Ҷаҳон оид ба гўштини FCF-MMA шуда гузашт. Дар мусобика 130 варзишгар аз Абхазия, Алҷазоир, Ҳиндустон, Эрон, Нигерия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Чехия ва Россия иштирок намуданд.
ҶДММ «Баракат-Исфара», ҳомии Воҳидов Асрор буд, ки чемпиони Ҷаҳон оиди гўштини FCF-MMA гашт.


 


 
© Copyright 2011