Оиди Ширкат Навид Маҳсулот ВАО дар бораи мо Алоқа

Оиди Ширкат


Шуморо дар сайти фабрикаи коркарди меваҳои хушк «Баракат-Исфара» шодбош мегўем.

Фабрикаи «Баракат-Исфара» дар шаҳри Исфара, Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Корхона бо хушконидан, андозакунӣ, буридан ва бастубанди меваҳои хушк машғул аст.

Фабрикаи «Баракат-Исфара» дар майдони масоҳаташ 2,4 Га ҷойгир шудааст ва ғайр аз муассисаи истеҳсолӣ инчунин анбор ва базаи логистикиро дар бар мегирад, ки бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шудааст. Афзалияти рақобатии «Баракат-Исфара» - истифодаи танҳо ашёи хоми босифат ва назорати қатъии технологӣ дар ҳамаи марҳилаҳои истеҳсолот.

Фабрикаи «Баракат-Исфара» навъҳои гуногуни меваҳои хушкро истеҳсол мекунад: баргак (зардолуи хушки бедонак), омехтаи меваҳои хушк, хушкмеваҳои буррида, себи хушконидашуда, хучи хушконидашуда ва дигар меваҳои хушки маълум. Маҳсулот аз ашёи хоми дар минтақаи аз ҷиҳати экологӣ тоза рўёнишуда тайёр карда шуда, дар таркибаш ГМО ва консервантҳо надорад.




 
© Copyright 2011